18 Март 2026 - 16:50
Source: ABNA
Огоҳии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи оқибатҳои ҷангфарсоӣ зидди Эрон

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи оқибатҳои нигаронкунандаи ҷангфарсоиҳо дар минтақа ба тандурустӣ ва вазъи саломатии мардум огоҳӣ дод.

Бар гузориши хабаргузории «Абна» ба иқтибос аз «Ал-Ҷазира», Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шиддат ёфтани низоъҳо оқибатҳои васеъ дар пешниҳоди хидматҳои табобатӣ дар Эрон ва саросари минтақа дорад, зеро фаъолияти баъзе марказҳои табобатӣ қатъ шудааст ва нақлиёҳои ёрирасон барои дастрасӣ ба маҷрӯҳон бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Инчунин ҳамлаҳо ба марказҳои беҳдошт шиддат ёфтаанд.
Ин созмони байналмилалӣ таъкид кард: Тағйироти минтақа қисме аз сохтори нигаронкунандаи хушунат зидди системаи саломатӣ маҳсуб мешавад. Маҷрӯҳон, беморони гирифтори бемориҳои музмин, занҳои ҳомила ва шахсони пирсол бояд ба хидматҳои табобатӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба дар ҳадаф қарор гирифтани нерӯҳои ёрирасон дар Судон, лентаи Ғазза, соҳили ғарбӣ ва ҳамла ба як беморхона дар Кобул ишора кард ва таъкид кард, ки ҳамла ба тасисот нафтӣ оқибатҳои паҳлӯи афзоиши олудагиҳои бемориовар дорад.
Зарур ба ёдоварист, ки Амрико ва режими сиёнистӣ борҳо марказҳои табобатӣ ва ғайринизомии Эронро дар ҳадаф қарор додаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha